Президенти Казокистон Касим-Жомарт Токаев бо Президенти Италия Серджо Маттарелла мулокот намуда, чанбахои асосии хамкории дучонибаро мухокима намуд. Сарвари давлат кайд намуданд, ки Казокистон ва Италия муносибатхои мустахкамеро ба рох мондаанд, ки сохахои гуногунро аз иктисодиет то фарханг фаро мегиранд.

Президенти Италия, дар навбати худ, сатхи баланди хамкории байни кишвархоро таъкид намуд ва изхори бовари намуд, ки шарикии стратеги минбаъд васеъ намуда мешавад. Ба гуфтаи у, хамкори сиёсат, тичорат, сармоягузори ва сохаи башардустонаро дар бар мегирад, ки ба тахкими робитахои дучониба мусоидат мекунад.
Ба рушди хамкорихои тичоратию иктисоди ва сармоягузори диккати махсус дода шуд. Тавре Токаев кайд намуд, Италия ба сегонаи шарикони бузурги тичоратии Казокистон дохил мешавад ва дар байни сармоягузорон мавкеи пешрафтаро ишгол мекунад. Соли 2024 гардиши мол ба 20 миллиард доллар расид ва такрибан 250 ширкати итолиёви дар бозори Казокистон бомуваффакият кор мекунанд.
Рохбарон инчунин оид ба масъалахои мубрами рузномаи чахони мубодилаи афкор намуда, хохиши тахкими минбаъдаи шарики ва татбики ташаббусхои нави муштаракро тасдик намуданд.
Аксхо: аз манбаъхои кушода