Сафир бо супоришхои махсус – рохбари намояндагии Вазорати корхои хоричии Чумхурии Казокистон дар Алмаато Чонибек Абдрашов бо Директори дафтари Минтакавии СММ оид ба масъалахои маориф, илм ва фарханг (ЮНЕСКО) барои Казокистон, Киргизистон ва Точикистон Амир Пирич мулокот намуд. Дар чараёни мулокот чонибхо хамкорихои соли 2024-ро чамъбаст намуда, накшахои ояндаро мухокима намуда, ба масъалахои рушди устувор ва омодаги ба форуми Чахонии Чавонони ЮНЕСКО диккати махсус доданд.

Чонибхо дастовардхои назаррасро дар татбики лоихахои муштарак, ки ба халли мушкилоти об ва мубориза бо тагйирёбии иклим дар минтака нигаронида шудаанд, кайд намуданд. Ба ташаббуси Казокистон оид ба таъсиси Маркази Минтакавии СММ оид ба рушди устувор дар Алмаато барои Осиёи Маркази ва Афгонистон диккати махсус дода шуд. Ин ташаббус аз чониби хамаи кишвархои минтака ва инчунин дабири кулли СММ дастгири ёфт.
Намояндаи ЮНЕСКО Амир Пирич ахамияти густариши минбаъдаи муносибатхои шарикии байни Казокистон ва ЮНЕСКО-ро таъкид намуд. Вай инчунин сафари Директори Генералии ЮНЕСКО Одре Азулеро ба Казокистон дар соли 2023 хамчун як кадами мухим дар рушди хамкорихои дучониба ва тахкими робитахо дар сохаи маориф, илм ва фарханг кайд намуд.
Мавзуи алохидаи мухокима форуми Чахонии чавонони ЮНЕСКО буд, ки 19-20 феврали соли 2025 дар Алмаато баргузор мешавад. Интизор меравад, ки чорабини дар рушди хамкории чавонон ва татбики хадафхои рушди устувор сахми назаррас гузорад.
Аксхо: ВКХ ЧК