Остона, 20 майи соли 2025 АИ Караван Инфо. Муовини Вазири корхои хоричии Чумхурии Казокистон Ерухамбет Конуспаев бо раиси шурои директорони мактаби Байналмилалии Казокистон (Kazakhstan International School – Kis) Ханс Деваелей мулокот намуд. Дар чараёни мулокот чонибхо масъалахои мубрами тахкими хамкори дар сохаи тахсилоти байналмилали, густариши хамдигарфахмии байнифарханги ва баланд бардоштани дастрасии тахсилоти босифат барои кудакони дар Казокистон зиндагикунандаро барраси намуданд.

Намояндагони мактаби Байналмилалии Казокистон таъкид намуданд, ки ба шарофати хамкории самараноки омузгорони хоричи ва ватани муассисаи таълими раванди таълимро тибки стандартхои баланди байналмилали бомуваффакият таъмин менамояд. Ин равиш имкон медихад, ки тачрибаи пешрафтаи чахони ба системаи тахсилоти мактабии Казокистон ворид намуда шавад.
Дар натичаи мулокоти созанда муовини Вазири корхои хоричи Ермухамбет Конуспаев ва раиси шурои директорони KIS Ханс Деваелей меморандуми хамдигарфахмиро имзо намуданд. Ин хуччат ниятхои тарафхоро барои рушди шарикии минбаъда дар сохаи маориф мустахкам мекунад, ки ба баланд бардоштани сифати таълим ва васеъ намудани имкониятхо барои мактаббачагони казокистони мусоидат мекунад.
Аксхо: ВКХ ЧК