Мугулистон, 30 июни соли 2025 – АИ «Караван инфо». Муовини Сарвазир – Вазири корхои хоричии Чумхурии Казокистон Мурат Нуртлеу дар чараёни сафари расми ба Мугулистон аз чониби Президенти кишвар Хнаагий Хурэлсух кабул намуда шуд.

Дар чараёни мулокот М. Нуртлеу аз номи Президенти Казокистон Касим-Жомарт Токаев суханони гарми саломро ироа намуд. Президенти Мугулистон кайд намуд, ки Остона шарики мухими стратегии Улан-Батор аст ва ба тахкими минбаъдаи муколамаи сиёси изхори манфиатдори намуд. М. Нуртлеу таъкид намуд, ки Мугулистон хамсояи боэътимод ва наздик аст, ки Казокистон бо он решахои умумии таърихи, инчунин наздикии маънави ва фархангиро мубодила мекунад.
Чонибхо дар бораи табодули сафархо дар сатхи оли ва баланд, аз чумла робитахои хукумати ва байнипарлумони мувофика намуданд. Вазъият ва дурнамои рушди хамкори дар сохахои сиёси, тичоратию иктисоди ва фарханги-гуманитари, инчунин хамкори дар доираи сохторхои байналмилали мухокима намуда шуданд.
Дар хамон руз, Рохбари ВКХ Казокистон бо Сарвазири Мугулистон Гомбожавин Занданшатар мулокоти алохида баргузор намуд. Чонибхо чонибдории худро ба тахкими хамкории казокистону мугулистон тасдик намуданд ва роххои мушаххаси рушди минбаъдаро дар сохахои наклиёт ва логистика, кишоварзи, ракамисози, кайхон ва гайра мухокима намуданд.
Казокистон ва Мугулистон ният доранд, ки хачми гардиши дучонибаи молро ба 500 миллион доллари ИМА тавассути афзоиши интиколи галлаи казокистон ва дигар махсулоти кишоварзи расонанд. Хамчунин, ба дурнамои хамкори дар саноати кухи ва мошинсози дахл намуда шуд. Казокистон ба гузаронидани корхои муштараки геологи ва тахвили махсулоти баландтехнологи изхори манфиатдори намуд.
Дар сохаи фарханги – гуманитари Вазир омодагии чониби казокро дар рушди минбаъдаи лоихахои муштарак изхор дошт.
Дар охири вохурихо чонибхо омодагии худро ба муколамаи фаъол ва мутакобилан судманд дар тамоми самтхои мавриди таваччухи тарафайн тасдик намуданд.
Аксхо: ВКХ ЧК