ОСТОНА, 18 август ИА Карован Инфо. Дар заминаи маркази Илми-истехсолии хочагии галладонагии ба номи А. И. Бараев дар Казокистони Шимоли полигони карбонии “Kaz Agro Carbon” таъсис дода мешавад. Лоиха аз чониби академияи Миллии илмхои ЧК дар якчояги бо олимони маркази Федералии агроэкологияи АИР амали намуда мешавад.

Ташаббус дар чаласаи шурои Экспертии назди Вазорати илми Маорифи ФР пешниход намуда шуд. Чониби Казокистон таъкид намуд, ки бетарафии карбон то соли 2060 афзалияти стратегии кишвар аст ва таъсиси шабакаи полигонхои карбон имкон медихад, ки усулхои самараноки идоракунии карбон дар агроэкосистемахо чори намуда шаванд.
Полигон майдони илми барои тахия ва озмоиши технологияхои кам намудани партовхо ва афзоиши азхудкунии CO₂ хохад буд. Олимони ду кишвар оид ба моделсози ва пешгуии тавозуни карбон, татбики технологияхои каммасрафи карбон, баланд бардоштани хосилнокии хок ва хифзи экосистемахо тадкикот мегузаронанд.
Барномаи муштараки илми – техники аллакай тахия шудааст ва тахкикоти комплексии газхои парники ва рушди кишоварзии карбонро пешбини мекунад. Чониби русия лоихаро дастгири намуда, ахамияти онро барои хамкории байналмилалии иклим ва мустахкам намудани мавкеи харду кишвар дар муколамаи глобали оид ба масъалахои экология кайд намуд.
Акс тасвир шудааст, АИ «Караван инфо»