ОСТОНА, 21 август АИ «Караван Инфо». Казокистон ва Узбекистон ба мувофика расиданд, ки шумораи парвозхоро зиёд кунанд ва хамкориро дар сохаи авиатсия васеъ кунанд. Музокирот дар доираи конфронси авиатсияи шахрванди дар формати С5+1 баргузор шуд.

Тибки созишномахои бадастомада, ширкатхои хавопаймоии ду кишвар метавонанд дар як хафта то 42 парвозро дар Хатсайрхои Алмаато – Тошканд ва Остона – Тошканд анчом диханд. Ба самтхои дигар хар хафта то 14 парвоз ичозат дода мешавад. Хамчунин чонибхо тасмим гирифтанд, ки руйхати шахрхоеро, ки байни онхо парвозхои мунтазам анчом дода мешаванд, васеъ кунанд.
Тадбирхои нав ба рушди дастрасии наклиёт, тахкими робитахои кори ва афзоиши мубодилаи сайёхи равона намуда шудаанд.
Хамкори аллакай натичахои аввалро ба бор меорад: аз мохи июл ширкати хавопаймоии Узбекистон My Freighter парвозхои Актау Нукусро огоз намуд ва Fly Arystan самти Атирау – Тошкандро кушод.
Чонибхо нияти идомаи лоихахои муштарак ва тахкими шарики дар авиатсияро тасдик намуданд.
Аксхо: Вазорати наклиёти ЧК