Остона, 22 августи соли 2025-АИ «Караван Инфо». Дар Остона вохурии муовини Вазири корхои хоричии ЧК Арман Исетов бо Нунсии Апостоли дар Казокистон Чорч Панамтундил баргузор шуд. Чонибхо хусусияти созандаи муносибатхои байни Казокистон ва тахти Мукаддасро тасдик намуданд.

Ба омодаги ба Анчумани VIII рохбарони динхои чахони ва анъанави, ки аз 17 то 18 сентябри соли 2025 дар Остона баргузор мешавад, диккати махсус дода шуд. Чониби казокистон ба Тахти Мукаддас барои иштироки фаъолонаи у дар кори Анчуман изхори сипос намуд.
Инчунин дурнамои хамкори дар сохахои илми ва таълими барраси намуда шуд. Хамкории муваффаконаи байни Институти шаркшиносии ба номи Р.Б. Сулаймонов ва бойгонии Апостолии Ватикан. Чонибхо накшахои рушди лоихахои муштаракро дар сохаи неврология ва эпилептологияи кудакон бо клиникаи “Bambino Gesú” мухокима намуданд.
Дар анчоми мулокот чонибхо нияти идомаи муколамаи мунтазамро барои густариши хамкори тасдик намуданд.
Аксхо: ВКХ ЧК