Москва, 31 июли соли 2025 АИ «Караван Инфо». Президенти комиссияи варзишгарони кумитаи Байналмилалии олимпи (КБО) Кирсти Ковентри изхор дошт, ки варзишгарони Русия эхтимолан метавонанд дар бозихои зимистонаи олимпии соли 2026, ки аз санаи 6 то 22 феврал дар Италия баргузор мешаванд, иштирок кунанд. Дар ин бора вай дар мусохиба бо нашрияи фаронсавии Léquipe хабар дод.

Ба гуфтаи Ковентри, карор “эхтимол, ба монанди Бозихои Париж” кабул намуда мешавад, ки дар он чо ичозати варзишгарони Русия ва Беларус ба таври инфироди ва танхо бо парчами бетараф амали намуда мешуд.
Аммо, тавре, ки намояндаи КБО таъкид намуд, созмон ният надорад, ки ба хулосахои нихои шитоб кунад.
Дар Олимпиадаи соли 2024 дар Париж 15 варзишгари русия иштирок намуданд, ки дар макоми бетараф бе парчам ва суруди милли баромад намуданд.
КБО каблан изхор дошт, ки чунин чора бо мавкеи низоъ дар Украина ва риояи принсипхои чахони олимпи алокаманд аст.
Карори нихои оид ба иштироки намояндагони Русия ва Беларус дар бозихои Милан ва Кортина-Дампетссо дар огози мусобика кабул намуда мешавад.Аксхо: Jakub Porzycki / NurPhoto via Getty Images