МОСКВА, 20 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Кумитаи байналмилалии олимпӣ тасдиқ намуд, ки варзишгарони русия метавонанд дар бозиҳои соли 2026 дар Милан ва Кортина-Д, ампетсо танҳо дар тартиби инфиродӣ ва дар мақоми бетараф иштирок кунанд. Дар ин бора Раиси комиссияи КБО Кирсти Ковентри изҳор дошт.

Ба гуфтаи вай, созмон тасмим гирифтааст, ки равиши Олимпиадаи Парижро нигоҳ дорад.
Ин маънои онро дорад, ки варзишгарони рус наметавонанд дар риштаҳои даставӣ ва маросими ифтитоҳ иштирок кунанд ва инчунин дар ҳисоби медалҳо зикр намуда намешаванд. Барои варзишгарони бетараф парчам ва суруди шахсии худ боқӣ мемонад.
Ковентри таъкид намуд, ки КБО ният дорад “одилона ва пайгирона” амал кунад ва ҳамкориро бо федератсияҳои байналмилалӣ идома диҳад, ки дархостҳои қабули варзишгаронро баррасӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Олимпиадаи Париж дар соли 2024 15 варзишгари рус ва 17 варзишгари Белорус дар мақоми бетараф баромад намуданд. Дар айни замон, ба мусобиқаҳо онҳое, ки дар назди омма АМН-ро дастгирӣ менамуданд ё бо сохторҳои мусаллаҳ робита доштанд, роҳ дода намешуданд.
Пас аз ҳодисаҳои феврали соли 2022, аксари федератсияҳои байналмилалӣ барои варзишгарони русия, аз ҷумла дар намудҳои зимистонаи варзиш маҳдудиятҳо ҷорӣ намуданд.
Ин чораҳо иштироки Русияро дар мусобиқаҳои интихобии Олимпиадаи 2026, ки аз 6 то 22 феврал дар Италия баргузор мешавад, ба таври ҷиддӣ маҳдуд намуданд.
Аксҳо: vedomosti