Ким Чен Ин хотираи чанговарони шуравиро дар Пхенян гироми дошт – ИА Караван Инфо
Ким Чен Ин хотираи чанговарони шуравиро дар Пхенян гироми дошт

Москва, 16 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо».  Дар Пхенян маросими гузоштани гулчанбар ба Ёдгории озоди, ки ба чанговарони шуравии дар солхои чанги Дуюми чахони кушташуда бахшида шуда буд, баргузор шуд.

Дар ин чорабини рахбари КНДР Ким Чен Ин иштирок намуд, ки ахамияти кахрамонии Артиши Сурхро, ки Кореяро аз ишголи чопон озод намуд, таъкид кард.

Маросим 15 август дар рузи 80-солагии озодкунии Корея баргузор шуд.

Рохбари кишварро намояндагони рохбарияти хизби Мехнати, вазоратхои корхои хоричи ва мудофиа, инчунин фармондехони намудхои кушунхои артиши халкии Корея хамрохи менамуданд. Дар назди мучассама посбонии фахри гузошта шуда, сурудхои Русия ва КНДР садо доданд.

Дар пояи мучассама аз номи Ким Чен Ин точи бо навиштачоти: “Мо хидматхои чанговарони фавтидаи шуравиро фаромуш намекунем” гузошта шудааст.

Пас аз як дакикаи хомуши, посбонии фахрии КНА бо марши тантанави гузашт ва хайат бо рохбарии Сарвари КНДР мучассамаро тамошо намуд.

Ким Чен Ин кайд намуд, ки кахрамонии сарбозони шурави намунаи часорат ва хамбастагии байналмилали гардид ва бародарии чанги, ки дар солхои чанг ба вучуд омад, барои дустии минбаъдаи ду халк асос гардид. Вай изхори бовари намуд, ки муносибатхои КНДР ва Русия танхо мустахкам хоханд шуд.

Аксхо аз манбаъхои кушода

error: