Душанбе, 22 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шароите, ки тағйирёбии иқлим таъсири худро ба бахши кишоварзӣ бештар мекунад, дар ноҳияи Рӯдакӣ семинари омӯзишӣ бо иштироки деҳқонон, олимони соҳаи аграрӣ ва мутахассисони соҳавӣ баргузор гардид. Мавзӯи асосии семинар таъмини рушди устувори бахшҳои гуногуни кишоварзӣ дар заминаи тағйирёбии иқлим ва тадбирҳои коҳиши таъсири манфии он ба истеҳсолоти кишоварзӣ буд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба хабарнигори НИАТ «Ховар» иттилоъ доданд, семинар дар доираи иҷрои дастуру супоришҳое баргузор шуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ зикр гардидаанд.
Дар ҷараёни семинар таъкид гардид, ки дар ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххас ва пайгирона барои рушди устувори соҳаҳои кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, баланд бардоштани сифати маҳсулот ва таҳкими амнияти озуқаворӣ амалӣ мегарданд. Дар ин раванд ба рушди зироаткорӣ ва чорводорӣ ҳамчун самтҳои калидии иқтисоди аграрӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.
Иштирокчиён зикр карданд, ки татбиқи мунтазами ин тадбирҳо заминаи боэътимод барои рушди дарозмуддати соҳаи кишоварзӣ фароҳам оварда, устувории истеҳсолоти аграриро нисбат ба хатарҳои иқлимӣ тақвият мебахшад.
Қисмати амалии семинар аз силсилаи тренингҳо иборат буд, ки аз ҷониби олимон ва мутахассисони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон баргузор гардид. Омӯзиш ҳашт самти муҳими соҳавиро дар бар гирифта, беш аз 100 роҳбар ва мутахассиси хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Рӯдакӣ-ро фаро гирифт.
Дар тренингҳо масъалаҳои мутобиқсозии истеҳсолоти кишоварзӣ ба тағйирёбии иқлим, истифодаи самараноки захираҳои обу замин, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва коҳиши таъсири омилҳои манфии иқлимӣ баррасӣ шуданд.
Ба гуфтаи коршиносон, чунин чорабиниҳои омӯзишӣ барои боло бурдани сатҳи дониш ва малакаи мутахассисон, ворид намудани дастовардҳои илмӣ ба истеҳсолот ва таъмини рушди устувори бахши кишоварзӣ дар шароити муосир аҳамияти калон доранд.
Акс: https://ecology.gpntb.ru/
