Москва, 9 феврали соли 2026 АИ «Караван Инфо». Кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) лоиҳаи Созишномаро оид ба мубориза бо вайронкунии ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар интернет таҳия мекунанд. Ҳуҷҷат дар моҳҳои оянда тасдиқро интизор аст.

Созишнома меъёрҳои муқовимат ба истифодаи ғайриқонунии филмҳо, мусиқӣ, китобҳо ва дигар иншоотҳои ҳуқуқи муаллифро дар муҳити рақамӣ пешбинӣ мекунад.
Ҳуҷҷат ташаккули равишҳои мувофиқашудаи давлатҳои аъзои ИИАО барои маҳдуд намудани дастрасӣ ба сайтҳо ва захираҳои онлайн, ки дар онҳо мундариҷаи қалбакӣ ғайриқонунӣ ҷойгир намуда мешавад, пешбинӣ мекунад.
Дар назар аст, ки имконияти бастани захираҳои интернетӣ дар асоси қарорҳои судии давлати узви ИИАО, ки дар қаламрави он ҳуқуқи соҳиби ҳуқуқ вайрон карда шудааст, пешбинӣ намуда шавад. Соҳибони сайтҳо ва миёнаравҳои иттилоотӣ вазифадоранд, ки барои маҳдуд намудани дастрасӣ ба чунин мундариҷа чораҳо андешанд.
Илова бар ин, дар кишварҳои ИИАО таъсиси феҳристҳои миллии электронии захираҳои интернетӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дастрасӣ ба онҳо бо сабаби вайрон намудани ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ маҳдуд намуда шудааст. Ин феҳристҳо барои баҳисобгирии захираҳои басташуда ва мубодилаи иттилоот байни мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзо истифода мешаванд.
Интизор меравад, ки эҷоди феҳристҳо шаффофияти чораҳои андешидашударо баланд бардорад, муносибати ягонаро ба бастани мундариҷаи ғайриқонунӣ таъмин кунад ва ҳамоҳангсозии амалҳоро тақвият диҳад.
Татбиқи Созишнома ба коҳиши паҳншавии мундариҷаи қалбакӣ дар интернет, фароҳам овардани шароити фаҳмо барои иштирокчиёни бозори рақамӣ ва мусоидат ба рушди рақобати софдилона дар ИИАО мусоидат мекунад.
Сурат: МТИ ҶҚ
