Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон афзалиятҳои ҳамкориро муайян намуданд – ИА Караван Инфо
Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон афзалиятҳои ҳамкориро муайян намуданд

Остона, 29 январи соли 2026 АИ «Караван инфо». Шахсони мансабдори калони формати Осиёи Марказӣ – Олмон самтҳои афзалиятноки ҳамкориро муайян намуданд. Ҷаласа бо иштироки намояндагони Қазоқистон, Олмон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон баргузор гардид.

Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Арман Исетов изҳор дошт, ки ҳамкории Кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Олмон ба сатҳи нав расидааст.

“Соҳаҳои афзалиятнок барои ташаббусҳои нави ҳамкорӣ дар доираи рушди устувор ва баланд бардоштани робитаи байниҳамдигарии кишварҳо муайян намуда шудаанд” гуфт ӯ.

Иштирокчиёни ҷаласа ҳолат ва дурнамои таҳкими ҳамкориҳоро дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётӣ, экологӣ ва гуманитарӣ баррасӣ намуданд.

Дар охир тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар ҳама масъалаҳои мубрам робитаҳои корӣ дошта бошанд.

Аксҳо: ВКХ ҶҚ

error: