
Остона, 25 апрели соли 2025-АИ Караван Инфо. Давлатхои аъзои Иттиходи иктисодии Авруосие (ИИАО) тасмим гирифтанд, ки мунтазам баррасии конунгузории миллиро дар сохаи химояи хукуки истеъмолкунандагон гузаронанд. Ин тадбир ба таъмини химояи баробари хукукии истеъмолкунандагон дар тамоми каламрави Иттиход равона шудааст.
Баррасихо аз чониби макомоти ваколатдори давлатии кишвархои ИИАО бо максади тахлили самаранокии меъёрхои хукукии амалкунанда ва ошкор намудани мукаррароте, ки такмил ё актуализатсияро талаб мекунанд, омода намуда мешаванд. Натичахои ин баррасихо ба макомоти давлати, иттиходияхои чамъияти ва ахоли барои гирифтани маълумоти пурра ва муназзам дар бораи танзими хукуки дар ин соха пешниход намуда мешаванд.
Тавре зикр гардид, баррасихо метавонанд маълумотро дар бораи конунхое дар бар гиранд, ки бехатари ва саломатии истеъмолкунандагон, хифзи манфиатхои иктисодии онхо, дастраси ба иттилоот дар бораи молхо ва хидматхо, инчунин кафолатхои хукук ба кумаки хукуки, маърифат ва иштирок дар фаъолияти ташкилотхои чамъиятиро таъмин мекунанд. Ба масъалахои хифзи хукуки истеъмолкунандагон дар тичорати электрони ва хифзи маълумоти шахси диккати махсус дода мешавад.
Тартиб ва даврабандии баррасихо аз чониби хар як давлати узв мустакилона муайян намуда мешавад. Натичахои кори анчомдодашуда метавонанд дар чаласахои кумитаи машваратии профилии назди комиссияи иктисодии Авруосиё (КИА) пешниход намуда шаванд. Кабули тавсияхо дар бораи равишхои умуми оид ба гузаронидани чунин баррасихо аз чониби Коллегияи ИИАО дар мохи феврали соли чори хамчун кадами мухим дар рохи эчоди конунгузории муассиртар ва муосир дар сохаи хифзи истеъмолкунандагон дар доираи ИИАО барраси намуда мешавад.
Аксхо: аз манбаъхои кушода