Клуби футбол  “Истиқлол”: натиҷагирӣ аз мавсими футболи 2025 ва омодагӣ ба мавсими нав – ИА Караван Инфо
Клуби футбол  “Истиқлол”: натиҷагирӣ аз мавсими футболи 2025 ва омодагӣ ба мавсими нав

Душанбе, 04 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Шоми 02 март дар меҳмонхонаи Crowne Plaza чорабинии тантанавӣ таҳти унвони «Шоми Истиқлол бо дӯстон» баргузор шуд, ки ба натиҷагирӣ аз фаъолияти соли гузашта, омодагӣ ба мавсими нав ва муаррифии маҷмуи либосҳои варзишӣ бахшида шуда буд.

Дар чорабинӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, роҳбарияти бошгоҳ, шарикон ва сарпарастон, ситоди мураббиён ва бозигарон, ҳамчунин меҳмонони фахрӣ ширкат карданд.

Дар оғози ҳамоиш президенти бошгоҳ Шоҳрух Саидзода суханронӣ намуда, иштирокчиёнро бо ғози мавсими нав табрик гуфт ва ба сарпарастон барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ намуд. Вай таъкид кард, ки бо дастгирии доимӣ ва таваҷҷӯҳи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва раиси шаҳри Душанбе, президенти ФФТ муҳтарам Рустами Эмомалӣ, заминаи устувор барои рушди футбол ва беҳтар шудани сатҳи омодагӣ ва натиҷаҳои бозигарон фароҳам омадааст.

Дар мавсими гузашта бошгоҳи “Истиқлол” дар чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ медали тилло ба даст оварда, ҳамчунин барандаи Суперҷоми Тоҷикистон гардид. Дар Лигаи чемпионҳои Осиё “Истиқлол” бо дастаҳои Ал-Наср, Ал-Завра ва Гоа бозӣ карда, бо гирифтани 9 имтиёз зинаи сеюмро соҳиб шуд.

Барои рушди футбол миёни наврасон ва кӯдакон, намояндагии Академияи “Истиқлол” дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ шуда, дастаи он дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Давҳа, Қатар иштирок намуда, соҳиби медали тилло гардид.

Бошгоҳи “Истиқлол” на танҳо дар варзиш, балки дар самти дастгирӣ ва кӯмак ба табақаҳои ниёзманд низ фаъол мебошад. Дар мавсими нав бошгоҳ вазифаи муаррифии футболи тоҷикро дар мусобиқаи қоравии Ҷоми даъвати Осиё бар дӯш дорад ва барои ин ситоди нави мураббиён ва як қатор бозигарони бомаҳорат аз дохил ва хориҷ даъват шуданд.

Дар идомаи чорабинӣ ба шарикон ва сарпарастон ҷиҳати ҳамкориҳои дарозмуддат ва самаранок сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

Дар фарҷом ҳамлагари бошгоҳ ва дастаи миллии Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов эълон кард, ки фаъолияти касбии бозигарии худро ба анҷом расонида истодааст. Дар маросими қадршиносӣ роҳбарияти бошгоҳ, ҳамдастаҳо ва аъзои ҷомеаи футбол саҳми Манучеҳрро дар муваффақияти бошгоҳ ва дастаи миллии кишвар баланд арзёбӣ карданд.

Манучеҳр Ҷалилов дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 20 гол зада, бо бошгоҳи “Истиқлол” қаҳрамони бисёркаратаи кишвар мебошад. Бо ҳамин чорабинӣ дар фазои гарм ва самимӣ ба анҷом расид ва саҳми ҳамаи иштирокчиён дар рушди футбол ва тарбияи насли наврас қадр гардид.

АКС: Клуби футбол “Истиқлол”

error: