КНДР ИМА ва Кореяи Чанубиро дар игвоангезии машкхои низомии Ulchi Freedom Shield айбдор намуд – ИА Караван Инфо
КНДР ИМА ва Кореяи Чанубиро дар игвоангезии машкхои низомии Ulchi Freedom Shield айбдор намуд

Москва, 23 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Ситоди генералии КНДР машкхои муштараки низомии ИМА Ва Кореяи Чанубиро Ulchi Freedom Shield (UFS) шадидан танкид намуд ва гуфт, ки онхо ба амнияти кишвар тахдид мекунанд ва боиси афзоиши танишхо дар минтака мешаванд.

Дар изхороте, ки аз чониби агентии марказии телеграфии КНДР пахн шудааст, гуфта мешавад, ки маневрхо “таъсири нихоят игвоангез ва хашмгин” доранд ва ба андешаи Пхенян, ба омодаги ба зарбаи ногахони ба каламрави чумхури равона намуда шудаанд.

Намояндаи ситоди генералии артиши халкии Корея таъкид намуд, ки чунин амалхо “ба амнияти давлат тахдиди чидди доранд” ва вазъиятро дар нимчазираи Корея ба “тахдиди шадид”мебаранд.

Машкхо санаи 18 август огоз ёфта, то рузи 28 давом мекунанд. Тибки маълумоти Сеул, дар онхо такрибан 18 хазор низомиёни Кореяи Чануби ва шумораи мукоисашавандаи низомиёни амрикои иштирок мекунанд. Ташкилкунандагон кайд мекунанд, ки сенария бо назардошти тахдидхои вокеи ва тахлили низоъхои муосири харби корнамуд намуда мешавад.

Машкхои муштараки низомии ИМА ва Кореяи Чануби мунтазам Вокуниши Шадиди Пхенянро ба бор меоранд, ки онхоро репетисияи хамла мешуморад.

Вашингтон ва Сеул, дар навбати худ, маневрхоро мудофиави ва зарури барои тахкими амният дар шароити тахдиди давомдор аз чониби КНДР, ки дорои иктидори хастаи мебошад, меноманд.

Аксхо: AP Photo / Lee Jin-man

error: