Дар Хонаи дустии шахри Остона дар доираи лоихаи Ассамблеяи халки Казокистон «Елдесу жене татуласу» конфронси байналмилали дар мавзуи тачрибаи Байналмилали дар медиатсия баргузор шуд. Дар чорабини намояндагони Маъмурияти Президенти Чумхурии Казокистон ва шахрдории шахри Остона, медиаторхои касби, инчунин коршиносони даъватшуда аз минтакахои гуногуни Казокистон ва дигар кишвархо иштирок намуданд.

Дар байни иштирокчиёни конфронс раиси Шурои чумхуриявии медиатсияи АХК Шерзод Пулатов, директори генералии Маркази медиатсия ва гуфтушунидхо, коршиноси палатаи Савдо ва саноати Чумхурии Киргизистон оид ба масъалахои медиатсия Фидан Алиева, аъзои АХК шахри Остона ва намояндагони макомоти ичроияи махалли буданд.
Максади асосии конфронси байналмилали баланд бардоштани маърифати медиаторхои казокистони ва хамаи онхое, ки ба масъалахои рушди институти медиатсия манфиатдоранд, буд. Иштирокчиёни чорабини бо тачрибахои пешрафтаи чахони дар сохаи технологияхои медиативи шинос шуданд ва зарурати омузиши тачрибаи байналмилалиро барои чори намудани самаранок ба амалияи казокистон таъкид намуданд.
Дар чараёни конфронс иштирокчиён тавонистанд дар бораи усулхо ва равишхои навтарин барои халли низоъхое, ки дар кишвархои гуногуни чахон татбик мешаванд, маълумот гиранд ва имконияти мутобиксозии онхоро ба вокеиятхои Казокистон мухокима намоянд. Ба масъалахои омода намудани медиаторхо, баланд бардоштани ихтисоси онхо, инчунин фарохам овардани шароит барои чори намудани медиатсия ба амалияи харруза диккати махсус дода шуд.
Конфронси байналмилали барои табодули тачриба ва дониш, ки ба рушди медиатсия дар Казокистон мусоидат мекунад, майдони мухим гардид. Иштирокчиёни чорабини ахамияти чунин вохурихоро барои ташаккули чомеаи касбии миёнаравхо ва баланд бардоштани сатхи хизматрасонихои миёнарави дар кишвар кайд намуданд.