Остона, 03 декабри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар саҳнаи театри миллии мусиқӣ – драмавии Қазоқистон ба номи Калибек Қуанишбоев консерти Ҷашнии “Ел салтанати” баргузор шуд. Чорабинии мазкур ба 70-солагии ансамбли давлатии Рақси “Салтанат” ва 30-солагии Ассамблеяи халқи Қазоқистон бахшида шудааст, хабар медиҳад Хадамоти матбуотии Вазорати Фарҳанги ҶҚ.

Номаи табрикотии муовини Сарвазир – вазири фарҳанг ва иттилооти ҶҚ Аида Балаеваро раиси Кумитаи фарҳанг Ерлан Дакенов хонд. Дар табрикот қайд намуда шуд, ки ансамбл дар фазои фарҳангии кишвар ҷойгоҳи муҳим дорад ва ҷаҳонро бо санъати рақсии қазоқ шинос мекунад.
Ҳунармандони ансамбл барномаи консертии навсозиро пешниҳод намуданд, ки рақсҳои классикии қазоқ ва намоишҳои хореографии халқҳои ҷаҳонро дар бар мегирифт. Дар консерт инчунин оркестри Қазоқии филармонияи давлатии академии ба номи Ерегали Раҳмадиев, ансамбли суруд ва рақси “Бирлик”, ансамбли афсонавии “Гүлдер” ва дигар коллективҳо баромад намуданд.
Аксҳо: Вазорати Фарҳанг ва иттилооти ҶҚ
