МОСКВА, 27 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Тахлилгари сиёсии эрони Алиреза Нури ба изхороти сулхпарваронаи Вашингтон дар бораи ба истилох “Коридори Трамп” шубха намуд.
Вай кайд намуд, ки ин лоихаро танхо хамчун рохи наклиёти барраси намудан мумкин нест.

Ба гуфтаи вай, сухан дар бораи як абзори стратегии ИМА меравад, ки ба афзоиши нуфуз дар минтака бар зарари манфиатхои Маскав ва Техрон нигаронида шудааст.
Нури таъкид мекунад, ки ин каламрав расман тахти салохияти Арманистон боки мемонад, аммо шартхои пешбинишуда ба ИМА хукуки истисноии идоракунии коридорро барои 99 сол медиханд.
“Ин барои Эрон тахдидхои гуногунчабха эчод мекунад — аз кохиши фазои геополитики то махдуд намудани имкониятхои иктисоди”, — кайд мекунад коршинос.
Ба акидаи у, ташаббус ба сиёсати боздоштани Эрон ва Русия мувофикат мекунад. Техрон миёнаравии амрикоро на як миссияи сулхчуен, балки кушиши тагир додани тарххои минтакави медонад.
Шубхаро кадамхои охирини Вашингтон, аз чумла зарбахо ба объектхои хастаии эрон низ таквият медиханд.
Лоихаи “Коридори Трамп” ташкили хатсайри нави наклиётро тавассути Каламрави Арманистон дар назар дорад. ИМА онро хамчун ташаббуси иктисоди муаррифи мекунад, аммо дар Техрон ва Маскав он хамчун унсури стратегияи фишор ва таквияти нуфузи амрико дар минтака кабул намуда мешавад.
Аксхо: Коллажи Tashim