Коршиносони байналмилалӣ дар Қазоқистон меҳнати шоистаро баррасӣ намуданд – ИА Караван Инфо
Коршиносони байналмилалӣ дар Қазоқистон меҳнати шоистаро баррасӣ намуданд

Остона, 29 январи соли 2026 АИ «Караван инфо». Коршиносони байналмилалӣ масъалаҳои мусоидат ба меҳнати шоиста дар Қазоқистонро баррасӣ мекунанд. Мизи мудавварро созмони байналмилалии меҳнат (СБМ) дар Остона ташкил намудааст.

Дар чорабинӣ намояндагони СММ, СБМ, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Федератсияи иттифоқҳои касаба ва конфедератсияи миллии корфармоён иштирок мекунанд.

Раиси Кумитаи нозироти давлатии меҳнат Мейрамбек Аҳметов дар бораи рафти татбиқи харитаи Роҳ барои мусоидат ба меҳнати шоиста нақл намуд. Вай қайд кард, ки дар тӯли 30 соли ҳамкорӣ Қазоқистон 26 конвенсияи асосии СБМ-ро тасдиқ намудааст.

“Дар моҳи сентябри соли 2024 Директори ГЕнералии СБМ Ҷилбер Унгбо ба Қазоқистон ташриф овард, ки ислоҳоти моро баланд арзёбӣ намуд”, – гуфт Аҳметов.

Вай хабар дод, ки ҳамкорӣ бо СБМ панҷ самтро дар бар мегирад: меҳнати бехатар, муколамаи иҷтимоӣ, маоши ҳадди ақал, таъминоти иҷтимоӣ ва решакан намудани зӯроварӣ дар кор.

Коршиносон сохтори институтсионалии Қазоқистон, принсипҳои муколамаи иҷтимоӣ, масъалаҳои озодии иттиҳодияи иттифоқҳои касаба ва самтҳои афзалиятноки таҳияи лоиҳаи қонун дар бораи шарикии иҷтимоиро муҳокима хоҳанд намуд.

Сурат: МТСЗН ҶҚ

error: