Душанбе, 18 июл, АИ «Караван Инфо». Аз санаи 1 то 3 август дар яке аз гушахои зебоманзари Точикистон — худуди кулхои Хафткул дар наздикии шахри Панчакент — бори дигар эко-ниммарафони кухии “Seven Lakes” баргузор мешавад. Дар ин бора Кумитаи хифзи мухити зисти назди Хукумати Чумхурии Точикистон хабар медихад.

Пас аз дебюти дурахшон дар соли 2024, ки давидан, рузномаи экологи ва иштироки байналмилалиро муттахид намуд, ниммарафон як чорабинии солона барои пешбурди тарзи хаёти фаъол ва нигохубини табиат гардид.
Масири мусобика аз сохилхои зебои занчираи беназири кулхои Баландкухи Хафткул мегузарад ва хам варзишгарони касби ва хам дустдорони давиданро аз Точикистон ва кишвархои хоричи чалб мекунад.
Гайр аз барномаи асосии давидан, иштирокчиёнро аксияи экологи оид ба тоза намудани минтакаи сохили, барномаи фарханги ва имконияти лаззат бурдан аз хамбастаги бо табиат интизор аст.
“Марафони Seven Lakes бештар аз варзиш аст. Ин муколамаи инсон бо табиат, эхтиром ба арзишхои экологи ва сахм дар ояндаи устувор аст”, кайд мекунанд созмондихандагон.
Ташкилкунандагони чорабини:
- Кумитаи хифзи мухити зисти назди Хукумати Чумхурии Точикистон;
- Ассотсиатсияи давидан ва марафонхои Точикистон;
- Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши Чумхурии Точикистон.
Хар касе, ки мехохад, метавонад иштирок кунад, новобаста аз сатхи тайёри.
Ниммарафони “Seven Lakes” на танхо ракобат, балки платформаи пешбурди сайёхии аз чихати экологи масъул, чалби таваччух ба хифзи манзарахои беназири табиии куххои Фон ва ташаккули фарханги истирохати устувор мебошад.
АКСХО: Кумитаи хифзи мухити зисти назди Хукумати Чумхурии Точикистон