МОСКВА, 27 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар Киргизистон Кухнаварди рус Наталя Наговитсинаро расман гумшуда эътироф намуданд.
Дар ин бора сухангуи ВХФ-и чумхури Адил Чаригов хабар дода, кайд намуд, ки “хеч кас наметавонад расман хаёт ё марги уро тасдик кунад”.

Наговитсина, кухнаварди хаваскор, санаи 12 август хангоми ба поён фаромадан аз куллаи Галаба чарохати вазнин бардошт пойро дар баландии беш аз хафт хазор метр шикаст. Аз он вакт инчониб вай дар хайма дар болои кух мемонад.
Кушишхои начот се маротиба сурат гирифтанд, аммо хар як амалиёт бо сабаби шароити мураккаби обу хаво ва вазъияти хатарнок бенатича анчом ёфт.
Дар Русия, тартиби хукукии эътироф намудани шахс дар чунин холатхо метавонад то шаш мох тул кашад. Барои ин хешовандон бояд ба суд мурочиат кунанд.
Ин хафта писари чабрдида Михаил ба Раиси кумитаи тафтишот Александр Бастрикин, прокурори генерали Игор Краснов ва ВКХ-и ФР мурочиат намуд.
Вай хохиш намуд, ки барои муайян намудани макони модар ва агар у зинда бошад, корхои начотдихиро аз сар гирад. Дар посух Бастрикин ба СКР супориш дод, ки бо ВХФ- Русия барои кумак ба начотдихандагони киргиз хамкори кунад.
МАЪЛУМОТ: Куллаи Галаба яке аз куллахои душвортарини чахон (7439 м) аст, ки дар сархади Киргизистон ва Чин чойгир аст. Ба он баромадан хеле хатарнок хисобида мешавад ва ходисахои фочиабор дар ин чо мунтазам рух медиханд.
Аксхо:скриншот аз видео / Вести