Санаи 15 апрел бо супориши Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон ба сокинони нохияхои Рашт ва Точикобод, ки дар натичаи заминларза зарар дидаанд, ёрии таъчилии башардустона расонида шуд.

Дархол пас аз ходиса ба минтакахои зикршуда молхои хуроквори, ашёи ниёзи аввалия, лавозимоти хочагидори, инчунин маводи сохтмони барои баркарор намудани манзилхои харобшуда ва иншооти инфрасохтори фиристода шуданд.
Санаи 13 апрели соли 2025 соати 09:24 дар кисми шимолу шаркии Точикистон заминларза рух дод. Маркази он дар 160 км аз Душанбе ва 21 км аз маркази маъмурии нохияи Рашт чойгир буд. Кувваи таконхои зёризамини дар маркази замин 5-6 баллро ташкил дод, дар Душанбе таназзули кувваи то 3 балл эхсос мешуд.
Тибки маълумоти пешаки, дар натичаи заминларза 94 хонаи истикомати пурра хароб шуда, 50 хонаи дигар кисман осеб дидаанд ва 61 хона кисман хароб шудааст. Инчунин, се мактаби тахсилоти умуми ва такрибан 200 иншооти гуногуни ичтимои ва хочагидори зарар диданд.
Дар муддати кутохтарин бо супориши сарвари давлат комиссияи хукумати бо рохбарии муовини Сарвазир Сулаймон Зиёзода ташкил намуда шуд. Ба хайати он рохбарони вазорату идорахое, ки барои масъалахои ХФ геология, сохтмон, истифодаи замин масъуланд, инчунин намояндагони хокимияти махалли дохил шуданд.
Комиссия ба арзёбии хамачонибаи зарари расонидашуда ва ташкили кумаки сурогави ба ахолии зарардида машгул аст. Кор дар холати оперативи гузаронида мешавад.
Хамаи чорабинихо оид ба рафъи окибатхои офати табии тахти назорати шахсии Президенти Чумхурии Точикистон карор доранд. Гамхори ва дастгирии Пешвои миллат Мухтарам Эмомали Рахмон барои сокинони минтакахои зарардида сарчашмаи эътимоди он аст, ки онхо бо мусибат танхо намондаанд.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон