Остона, 20 феврали соли 2026-АИ «Караван инфо». Дар ҷараёни сафар ба ИМА Президенти Қазоқистон Касим-Жомарт Токаев бо ноиби президенти иҷроияи ширкати Boeing Ҷефф Шокки мулоқот намуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба густариши ҳамкорӣ ва оғози ташаббусҳои муштарак дар соҳаи авиатсия равона намуда шуд.

Сарвари давлат манфиатдории Ҳавопаймоҳои қазоқистонии Air Astana, SCAT ва Vietjet Qazaqstan-ро дар рушди шарикӣ бо Boeing ва навсозии парки ҳавопаймоҳо қайд намуд. Созишномаи интиқоли ҳавопаймоҳои муосир, аз ҷумла Boeing 787 Dreamliner, ки барои кушодани парвозҳои мустақим байни Қазоқистон ва ИМА истифода мешавад, тасдиқ карда шуд. Илова бар ин, SCAT хариди бортҳои иловагӣ ва таъсиси маркази хидматрасонии фурудгоҳи Шимкентро дар якҷоягӣ бо ширкати амрикоӣ баррасӣ мекунад.

Ҷеф Шокки дар бораи ҳалли рақамии Boeing нақл намуд ва иқтидори баланди транзитии Қазоқистонро қайд кард. Ҳамчунин ҷонибҳо омодасозии мутахассисони авиатсионии ватанӣ ва рушди ҳамлу нақли ҳавопаймоҳои боркашро баррасӣ намуданд.
Аксҳо: Акорда
