Лоиҳаи Конститутсияи нав ба Президент супорида шуд – ИА Караван Инфо
Лоиҳаи Конститутсияи нав ба Президент супорида шуд

Остона, 12 феврали соли 2026-АИ «Караван инфо». Сарвари давлат роҳбарияти комиссияи Конститутсиониро қабул намуд ва бо лоиҳаи Ниҳоии Конститутсияи нав шинос шуд. Раиси Комиссия Элвира Азимова хабар дод, ки ҳуҷҷат дар натиҷаи 12 ҷаласа бо назардошти пешниҳодҳои шаҳрвандон ва коршиносоне, ки тавассути порталҳои eGov ва e-Otinish ворид шудаанд, инчунин дар асоси коркардҳои гурӯҳи корӣ оид ба ислоҳоти парлумонӣ омода карда шудааст. Комиссия пешниҳод намуд, ки лоиҳа ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда шавад.

Қасим-Жомарт Токаев аҳамияти кори анҷомдодашударо қайд намуда, таъкид кард, ки қонуни Асосии Нав марҳилаи тағйиротҳои институтсионалиро ба анҷом мерасонад ва модели муосири конститутсионии рушди кишварро ташаккул медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, ҳуҷҷат арзишҳои мубрами ҷомеаро инъикос мекунад ва барои пешрафти минбаъда заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.

Президент ба аъзои комиссия ташаккур гуфт ва изҳор дошт, ки ният дорад дар ояндаи наздик фармони баргузории раъйпурсиро имзо кунад.

Аксҳо: Акорда

error: