Душанбе, 23 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Маҳфили «Ватанпарвар» барои ҳазорҳо ҷавонон мактаби бузурги ватандӯстӣ ва волонтёриро таҷлил мекунад, ки дар он қобилиятҳои роҳбарӣ, суханварӣ, ташкилотчигӣ ва идоракунӣ, инчунин даҳҳо истеъдодҳои пинҳонии ҷавонон бедор ва инкишоф меёбанд. Ташкили фаъолиятҳои маҳфил дар доираи як сол нишон дод, ки ҳатто вазифаи ҷамъиятии ройгон метавонад таҷрибаи арзишманд ва самаранок барои рушди шахсият бошад.

Раиси маҳфил ва роҳбарони он ҳамеша дастгирии худро ба аъзоён нишон медиҳанд, ва ин барои ҷавонон илҳоми беназир эҷод мекунад. Таҳлилгарон ва иштирокчиён таъкид мекунанд, ки таҷриба ва илмҳое, ки дар «Ватанпарвар» омӯхта мешаванд, шояд дарси классикӣ ва як лексия дар донишгоҳ ба пуррагӣ таъмин карда натавонад.
Дар давоми соли гузашта маҳфил зиёда аз 150 чорабиниҳои гуногун – аз аксияҳои тарғиботӣ то корҳои созанда ва ҳамоишу семинарҳо – ташкил ва баргузор намуд. Ҳар як аъзои маҳфил, новобаста аз донишҷу будан ё ҳаҷми саҳми онҳо, барои пешрафти маҳфил ҳисса гузошт. Ин фаъолият на танҳо дониш ва малакаҳои эҷодиро рушд дод, балки ба ҳамдигар ошноӣ ва муттаҳидшавии ҷавонон аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон мусоидат кард.
Дар натиҷа ҷавонон на танҳо ҳамкор, балки дӯсти ҷонӣ ва узви як оилаи бузург шуданд. Бо сарбаландӣ метавон гуфт, ки маҳфил тавонист як гуруҳи муттаҳид ва пайвастаи ҷавононро созад, ки ҳатто баъд аз хатм ва гирифтани сертификатҳо дар алоқа бо ҳам боқӣ мемонанд.
Соли 2025 маҳфили «Ватанпарвар» беҳтарин маҳфил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардид – ин қадрдонии заҳмату талоши ҳар як аъзо ва дастгирии пайвастаи роҳбарону бародарон мебошад.

Раиси маҳфил таъкид мекунад: «Соли 2026 соли мо аст! Мо боз ҳам ташаббусҳои навро пеш мебарем, барои муттаҳид кардани ҷавонон ва тарбияи насли ватандӯст ва ватанпарвар талош мекунем».
«Ватанпарвар» на танҳо мактаби волонтёрӣ, балки оилаи бузургест, ки дар он ҳар як ҷавон метавонанд истеъдод ва завқи ватандӯстии худро пайдо ва рушд диҳанд.
АКС: Манучеҳри Азиз
