Душанбе, 19 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар доираи сиёсати густариши ҳамкориҳои байналмилалии академӣ, ки ба рақамисозӣ ва омодасозии мутахассисони насли нав равона шудааст, қадамҳои пайдарпай мегузорад. Дар ҳамин замина, рӯзи 17 январ дар шаҳри Душанбе мулоқоти ректори донишгоҳ Зоҳир Раҳмонзода бо муовини ректори Институти технологии музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мэн Фанзэн баргузор гардид.

Зимни мулоқот масоили муҳими ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, тайёр намудани мутахассисон дар соҳаҳои техникӣ ва технологӣ, рушди робототехника ва зеҳни сунъӣ, густариши мубодилаи академии омӯзгорон ва донишҷӯён, татбиқи лоиҳаҳои муштараки таълимӣ ва илмӣ, ҳамчунин баргузории конфронсҳои байналмилалӣ аз мавзуъҳои калидии гуфтушунид буданд.
Таъкид гардид, ки татбиқи чунин ҳамкорӣ барои баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ-и донишҷӯён ва ҳайати омӯзгорон шароити мусоид фароҳам оварда, мутобиқсозии низоми таҳсилотро ба талаботи ҷаҳони муосир таъмин менамояд.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими робитаҳои илмӣ-таълимӣ, пешбурди ташаббусҳои инноватсионӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои ташкили лабораторияҳои муосири соҳавӣ дар самти технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ изҳор доштанд. Чунин инфрасохтор метавонад ба маркази рушди таҳқиқоти амалӣ ва татбиқи дастовардҳои пешрафта табдил ёбад.
Густариши ҳамкорӣ бо муассисаҳои пешқадами техникии Чин аз ҷониби Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи муҳими ҳамгироии низоми таҳсилоти олӣ ба фазои байналмилалӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир дар иқтисодиёти дониш арзёбӣ мегардад.
Акс: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
