Душанбе, 20 декабр, 2025 – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санадҳои муҳими муайянкунандаи самтҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳамкории байналмилалӣ муаррифӣ гардид. Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи нави шарикии Бонки Осиёии рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои соҳавӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Тавре иттилоъ дода шуд, зимни ҷаласа ҳадафҳо ва самтҳои асосии стратегия муаррифӣ гардида, афзалиятҳои ҳамкории минбаъда барои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ, тақвияти зерсохтор, рушди захираҳои инсонӣ, пешбурди иқтисоди «сабз» ва рақамисозии иқтисод шарҳ дода шуданд.
Стратегияи нави шарикӣ муносибати муосири Бонки Осиёии рушдро дар самти дастгирии кишварҳои шарик инъикос намуда, бо афзалиятҳои миллии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон мутобиқ карда шудааст. Дар меҳвари он на танҳо маблағгузории лоиҳаҳои зерсохторӣ, балки таҳкими устувории институтсионалӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва густариши иқтидори сармоягузории кишвар қарор дорад.
Дар ҷараёни муҳокима масъалаҳои тақвияти ҳамкории стратегӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд, механизмҳои татбиқи самараноки лоиҳаҳои рушд ва ҷалби сармоягузориҳои иловагӣ ба соҳаҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зикр гардид, ки дар доираи стратегия барои солҳои 2026–2030 маблағгузории лоиҳаҳои нави афзалиятноки сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, сайёҳӣ, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва экология ба нақша гирифта шудааст. Ин самтҳо ҳамчун муҳаррикҳои рушди дарозмуддат, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисод ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ арзёбӣ мегарданд.
Иштирокчиёни ҷаласа аҳаммияти стратегияро дар таҳкими ҳамкории давлатии Тоҷикистон бо Бонки Осиёии рушд ва ҳамоҳангсозии дастгирии молиявии байналмилалӣ бо барномаҳо ва санадҳои стратегии миллӣ таъкид намуданд.

Бонки Осиёии рушд яке аз шарикони асосии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар давраи ҳамкорӣ аз соли 1998 то имрӯз Бонк дар кишвар тақрибан 200 лоиҳаро ба маблағи зиёда аз 2,7 миллиард доллари ИМА маблағгузорӣ намудааст.
Айни ҳол Бонки Осиёии рушд 19 лоиҳаи амалкунандаро дар Тоҷикистон бо ҳаҷми умумии беш аз 1 миллиард доллари ИМА дастгирӣ мекунад, ки соҳаҳои зерсохтор, иҷтимоӣ ва рушди устуворро фаро мегиранд.
Муаррифии Стратегияи нави шарикӣ барои солҳои 2026–2030 аз омодагии ҷонибҳо барои ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкорӣ, ноил шудан ба натиҷаҳои дарозмуддат ва таъмини рушди устувору рақобатпазири Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
