Душанбе, 06 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Ташаббуси таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ дар шаҳри Душанбе, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025 ироа гардид, танҳо як иқдоми фарҳангӣ ё илмӣ нест. Ин пешниҳод дорои моҳияти амиқи стратегӣ буда, ба таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи хотираи таърихӣ ва муайянсозии ҷойгоҳи миллати тоҷик дар тамаддуни ҷаҳонӣ равона шудааст.

Сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур доданд, ки ҷиҳати бунёди Конуни тамаддуни ориёӣ чораҳои амалӣ андешанд. Ҷойгир намудани чунин ниҳод дар пойтахти кишвар рамзи пайванди таърих, давлатдорӣ ва ҳувияти миллӣ арзёбӣ мегардад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода таъкид менамояд, ки таъсиси Марказ заминаи мустаҳками илмӣ барои ҳифз ва бозшиносии мероси ориёӣ фароҳам меорад. Ба гуфтаи ӯ, дар тӯли солҳои зиёд таърихи тамаддуни ориёӣ бештар аз нигоҳи муҳаққиқони хориҷӣ таҳқиқ шуда, на ҳамеша манфиатҳои миллии моро инъикос мекард. Маркази нав имконият медиҳад, ки таҳқиқоти илмӣ бо такя ба манобеи миллӣ ва дидгоҳи худии илмӣ ба роҳ монда шаванд.
Ин ташаббус идомаи мантиқии фаъолияти илмӣ-андешагии Пешвои миллат маҳсуб мешавад. Асарҳои бунёдии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ», «Забони миллат – ҳастии миллат» ва дигарон, пояи назариявии шинохти тамаддуни ориёиро гузоштаанд. Маркази тамаддуни ориёӣ ин андешаҳоро ба шакли ниҳоди устувори илмӣ ва маърифатӣ табдил медиҳад.
Ба андешаи академик Фарҳод Раҳимӣ, Марказ метавонад ба фазои мутамаркази таҳқиқоти илмӣ, фалсафӣ ва фарҳангӣ табдил ёбад, ки дар он таърихи ориёӣ ҳамчун таҷрибаи зиндаи инсоният, на ҳамчун ривояти сиёсишуда, мавриди омӯзиш қарор мегирад. Ин равиш ба муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои тамаддуни бузург ва ҷаҳонбинии инсонмеҳвар мусоидат мекунад.
Доктори илмҳои сиёсӣ Муҳаммад Абдураҳмон бар он назар аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи ҳувияти тамаддунӣ ба масъалаи амнияти миллӣ табдил ёфтааст. Эҳёи тамаддуни ориёӣ, ба гуфтаи ӯ, бозгашт ба гузашта нест, балки такя ба решаҳои таърихӣ барои сохтани ояндаи устувор мебошад.
Дар маҷмӯъ, Маркази тамаддуни ориёӣ дар Душанбе метавонад ба яке аз сутунҳои асосии худшиносии миллӣ, рушди маънавӣ ва ташаккули андешаи стратегии давлат табдил ёбад — марказе, ки гузашта, имрӯз ва ояндаро дар як низоми ягонаи арзишӣ ба ҳам мепайвандад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
