Марзбонони точикистону русия дар Помир як гирдихамоии тантанави баргузор намуданд – ИА Караван Инфо
Марзбонони точикистону русия дар Помир як гирдихамоии тантанави баргузор намуданд

Дар каламрави отряди сархадии “Мургоб”, ки дар яке аз минтакахои баландкухтарини Точикистон чойгир аст, чорабинихои хотирави бахшида ба 80-солагии Галаба дар Чанги Бузурги Ватани баргузор гардиданд. Ин руйдодхо як кисми аксияхои умумичумхурияви ва байналмилали шуданд, ки барои хифзи хакикати таърихи ва интиколи он ба наслхои нав даъват намуда шуданд.

Барои хайати шахсии кисми сархади митинги тантанави ташкил намуда шуд.

Бо суханронии табрики дар назди хизматчиёни харби:

✔ Турабек Назарзода-муовини фармондехи кушунхои Сархадии КДАМ Чумхурии Точикистон,

✔ Рим Гелманов сардори Гурухи хамкории сархадии ХФБ Русия дар ЧТ,

✔ Андрей Патрушев – рохбари намояндагии Россотрудничество дар Точикистон.

Суханварон таъкид намуданд, ки Рузи Галаба на танхо арчгузори ба хотира, балки ёдрас намудани он аст, ки озоди бо кадом нарх ба даст оварда шудааст. Онхо ба кахрамонии марзбонони шурави, ки аввалин шуда дар соли 1941 зарба заданд ва бо устувории беандоза мубориза бурданд, диккати махсус доданд.

Пас аз митинг, иштирокчиёни чорабини ба мучассамае, ки ба ифтихори Рузи Галаба гузошта шуда буд, инчунин ба кабристони аскарони сурх ва марзбонони дар солхои чанг кушташуда гулчанбар гузоштанд. Ин амалхои рамзи нархи Беназири Галабаро хотиррасон намуданд ва хотираи миннатдор на аз руи вакт ва на аз руи чугрофия худуд надорад.

АКСХО: Россотрудничество дар Точикистон

error: