Душанбе, 13 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Масъалаҳои идоракунии самараноки захираҳои об, инчунин мушкилоту хатарҳои муосир дар соҳаи об зимни мулоқоти роҳбарияти Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо намояндагони Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардиданд.

Тавре Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология хабар медиҳад, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳои обро мавриди муҳокима қарор дода, ба таҳлили вазъи кунунии соҳа, мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои эҳтимолии ҳалли онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ҳамзамон масъалаҳои марбут ба таъсири тағйирёбии иқлим, зиёдшавии талабот ба захираҳои об ва зарурати ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунии захираҳои об дар минтақа низ баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо инчунин ба масъалаҳои истифодаи устувори захираҳои об, рушди таҳқиқоти илмӣ дар самти гидрология, гидроэнергетика ва ҳифзи муҳити зист, инчунин густариши ҳамкории илмӣ ва таҳқиқотӣ байни муассисаҳои илмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Ҳамсуҳбатон таъкид намуданд, ки таҳкими ҳамкорӣ байни муассисаҳои илмӣ, марказҳои таҳлилӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барои таҳияи роҳҳои муассири ҳалли мушкилоти об, таҳкими амнияти обӣ ва таъмини рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти калидӣ дорад.
Дар рафти мулоқот инчунин зарурати татбиқи барномаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ, мубодилаи таҷриба ва дониш, инчунин ҷалби мутахассисон ва коршиносони байналмилалӣ барои омӯзиши ҳамаҷонибаи масъалаҳои марбут ба идоракунии захираҳои об дар минтақа таъкид гардид.
Қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои дорои захираҳои бузурги об дар минтақа ҳамеша ба масъалаҳои истифодаи оқилона ва ҳифзи ин неъмати муҳими табиӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, барои рушди ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар ин самт ташаббусҳои муҳим пешниҳод менамояд.
АКС: Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
