Душанбе, 13 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Узбекистон — Тоҷикистон: дурнамоҳои нави ҳампаймонӣ ва ҳамкории минтақавӣ» баргузор мегардад. Дар ин хусус Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ташкилкунандагони чорабинӣ Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ дар Тошканд ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Дар доираи конфронс ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ гардида, инчунин пешниҳодҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба таҳия карда мешаванд.
Дар кори конфронс намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои парлумонӣ, корпуси дипломатӣ, доираҳои соҳибкорӣ ва иттиҳодияҳои тиҷоратӣ, инчунин мутахассисони муассисаҳои таҳлилӣ ва академии ҳар ду кишвар иштирок доранд. Ҳамзамон намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ ва марказҳои фарҳангии миллӣ низ дар муҳокимаҳо саҳм мегузоранд.
Чорабинӣ дар се нишасти мавзӯӣ баргузор мегардад. Нишасти аввал таҳти унвони «Узбекистон ва Тоҷикистон: ба сӯи марҳилаи нави шарикии ҳампаймонӣ» ба таҳлили рушди муносибатҳои сиёсӣ ва дипломатии ду кишвар бахшида шудааст. Дар нишасти дуюм масъалаҳои ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисод, нақлиёт, маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ баррасӣ мешаванд. Нишасти сеюм бошад, ба таҳкими ҳамкории ду кишвар дар доираи форматҳои гуногуни минтақавии бисёрҷониба равона гардидааст.
Қобили зикр аст, ки чунин конфронсҳои илмӣ-амалӣ барои густариши робитаҳои байнидавлатӣ, рушди муколамаи коршиносон ва таҳкими ҳамкории илмӣ, таҳлилӣ ва сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон аҳамияти муҳим доранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
