Душанбе, 26 май АИ «Караван Инфо». Дар яке аз гушахои зеботарини Точикистон дар мамнуъгохи давлатии Табиии “Дашти Чумъ” фестивали “Мархур — 2025” баргузор гардид. Чорабини ба рузи байналмилалии мархур (бузи шохи печдор) бахшида шудааст, ки бо ташаббуси Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон таъсис ёфта, бо катъномаи Ассамблеяи Генералии СММ расман эътироф шудааст.
Фестивал на танхо чашни табиат, балки заминаи мухими чамъияти барои пешбурди гояхои хифзи гуногунии биологи, тахкими шарикии байналмилалии экологи ва маъмулгардонии мероси фарханги ва аграрии минтака гардид.

Дар намоишгоххои дар доираи чорабини ташкилшуда махсулоти хунархои мардуми, намунахои махсулоти кишоварзи ва дастовардхои устодони махалли пешниход намуда шуданд. Ин намоишгоххо инъикоси муносибати эхтиёткорона ба анъанахо ва эхёи таваччух ба сарватхои табиии Точикистон гардиданд.
Кисми фархангии фестивал мехмононро бо баромадхои сершумори коллективхои фолклори, бозихои анъанави, чашидани хурокхои милли ва мастер-классхои хунармандони халки шод намуд. Иштироки мактаббачагон ва донишчуён дар озмунхои бехтарин расм, иншо ва видео, ки ба мархур бахшида шудаанд, махсусан мухим буд. Ин ба рушди тафаккури экологи ва ватандустии насли чавон мусоидат намуд.
Мархур (Capra falconeri) хайвони беназир бо шоххои печдор то як метр дарози дорад. Ин намуди нодир аз сабаби шикори гайриконуни, нобудшавии мухити зист ва тагйирёбии иклим дар хатари нобудшави карор дорад.
Дар Точикистон мархурхо дар минтакахои кухии Каторкуххои Хисор, нохияи Дарвоз ва долони Вахон зиндаги мекунанд. Мувофики маълумоти мутахассисон, шумораи онхо 2-3 хазор адад арзёби намуда мешавад. Барои химояи мархур Хукумати Точикистон худудхои мухофизатшаванда, богхои милли ва мамнуъгоххо, аз чумла мамнуъгохи давлатии табиии Дашти Чумъро таъсис медихад.
Дар кишвар шикори мархур манъ аст, аммо мубориза бо браконери вазифаи мухим боки мемонад. Олимон мониторинги доимии популятсияхоро мегузаронанд, стратегияхои хифзи устувори намудхоро тахия мекунанд ва бо созмонхои байналмилали фаъолона хамкори мекунанд.
Рузи байналмилалии мархур рамзи ягонагии глобали дар хифзи табиат аст. Бо кушиши Точикистон ва шарикони он дар минтака баркарорсозии тадричии саршумори ин хайвони ачиб огоз ёфт. Аммо, барои таъмини ояндаи устувор, хамкори бояд идома еёбад.
Аксхо: аз манбаъхои кушода