Точикистон ва Узбекистон ният доранд хамкориро дар сохаи корхои бойгони таквият диханд. Ин масъала дар чараёни мулокоти Сафири Фавкулодда ва Ваколатдори Чумхурии Точикистон дар Чумхурии Узбекистон Абдучаббор Рахмонзода бо директори агентии “Узархив” назди Вазорати адлияи Чумхурии Узбекистон Улугбек Юсупов ДАР Шахри Тошканд барраси гардид.

Чонибхо оид ба масъалахои мубрами хамкории ду кишвари дуст табодули афкор намуда, омодагии тарафайнро барои рушди шарикии касби тасдик намуданд. Дар доираи вохури фаъолияти агентии “Узархив” муаррифи гардид, ки бо истифода аз технологияхои муосири раками фаъолият мекунад ва барои хамкории дучониба дурнамои нав мекушояд.
Чониби Узбекистон изхори омодаги намуд, ки ба хуччатхои мухими таърихии охири асри XIX – аввали асри XX, ки дар бойгонихои милли нигох дошта мешаванд, дастраси дихад. Ин ба мухаккикон ва олимони харду кишвар имкон медихад, ки бо сарчашмахои арзишманд, ки таърихи умумии минтакаро инъикос мекунанд, кор кунанд.
Тахкими хамкори дар сохаи бойгони кадами мухим дар рушди робитахои илми, фарханги ва гуманитари буда, хамчунин ба наздикшавии минбаъдаи халкхои Точикистону Узбекистон дар асоси эхтиром ба мероси умумии таърихи мусоидат хохад намуд.
Аксхо: Сафорати Чумхурии Точикистон дар Чумхурии Узбекистон