Душанбе, 27 декабр, 2025 – АИ «Корвон Иттилоот». Осиёи Марказӣ минтақаест, ки хавфҳои табиӣ солҳо боз қисми воқеияти рӯзмарра буда, ҳамзамон монеаи ҷиддӣ барои рушди устувор маҳсуб меёбанд. Дар ҳамин замина Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷопон лоиҳаи минтақавии нав — «Тақвияти низоми коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ»-ро оғоз намуд. Лоиҳа барои ду соли оянда пешбинӣ шуда, ҳадафи он баланд бардоштани устувории кишварҳои минтақа ба офатҳои табиӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Лоиҳа дар доираи муколамаи «Осиёи Марказӣ плюс Ҷопон» амалӣ гардида, Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро фаро мегирад. Самти асосии он баланд бардоштани огоҳӣ аз хатари заминларза мебошад — хатаре, ки барои минтақа, бахусус барои шаҳрҳои сернуфус, аз ҳама вайронкунанда ба шумор меравад.
Тибқи арзёбиҳо, зарари миёнаи солона аз офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ ба 10 миллиард доллари ИМА мерасад ва беш аз 3 миллион нафар аз онҳо осеб мебинанд. Заминларзаҳо саҳми махсусан назаррас доранд: талафоти иқтисодии солона аз рӯйдодҳои сейсмикӣ тақрибан 2 миллиард долларро ташкил медиҳад, илова бар талафоти ҷонӣ ва паёмадҳои дарозмуддати иҷтимоиву иқтисодӣ. Офатҳои бузург метавонанд инфрасохтори ҳаётан муҳимро хароб созанд, ба муҳоҷирати фаромарзии аҳолӣ оварда расонанд ва ҳамоҳангии кӯшишҳои барқарорсозиро мушкил намоянд.
Созишномаи шарикӣ дар доираи лоиҳа дар шаҳри Остона аз ҷониби Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Қазоқистон Ясумаса Иидзима ва намояндаи доимии БРСММ дар Қазоқистон Катажина Ваверня ба имзо расид. Ин маросим дар арафаи нишасти сарони «Осиёи Марказӣ плюс Ҷопон» бо иштироки сарвазири Ҷопон ва президентҳои панҷ кишвари минтақа баргузор шуд.
Лоиҳа ба тақвияти ҳамоҳангии минтақавӣ тавассути ташкили Механизми минтақавии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода равона гардидааст. Дар ин раванд нақши калидиро Маркази ҳолатҳои фавқулода ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ (CESDRR), воқеъ дар Алмаато, мебозад. Ҳамзамон, ҷорӣ намудани низомҳои инноватсионии мониторинг ва огоҳсозии барвақтӣ оид ба заминларза бо такя ба таҷрибаи амалии Ҷопон пешбинӣ шудааст.
Муҳим он аст, ки равиши БРСММ ба инсон нигаронида шудааст: он ҷанбаҳои гендерӣ, эҳтиёҷоти шахсони дорои маъюбият ва осебпазирии гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоиро ба назар мегирад. Дар шароите, ки таъсири тағйирёбии иқлим ва таназзули муҳити зист меафзояд, чунин равиши фарогир ва ҳамоҳангшудаи минтақавӣ барои ояндаи устувори Осиёи Марказӣ аҳамияти ҳаётан муҳим дорад.
АКС: Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон
