Душанбе, 9 июн, АИ Караван Инфо. Минтакахои озоди иктисодии Чумхурии Точикистон ва Федератсияи Руссия шарикиро васеъ мекунанд. Дар доираи сафари хайати Вилояти Сугд ба Вилояти Воронеж созишномахо дар бораи хамкори байни МОИ Сугд ва МОИ Воронеж, инчунин байни палатахои тичоратию саноатии ду минтака ба имзо расиданд.

Мувофики маълумоти Макомоти ичроияи хокимияти давлатии Вилояти Сугд, созишномахои бадастомада барои татбики лоихахои муштараки сармоягузори, таъсиси корхонахои дорои сармояи муштарак ва тахкими робитахои тичоратии Точикистону Русия замина фарохам меоранд.
Дар доираи сафар хайати Точикистон ба як катор иншооти пешрафтаи саноати ва логистикии Воронеж ташриф овард.
Ба масъалахои тахвили махсулоти точик ба бозори Федератсияи Россия диккати махсус дода шуд. Дар рафти гуфтушунид бо рохбарияти яке аз шабакахои бузурги тичоратии русия дар бораи фиристодани гурухи кории ширкат ба Вилояти Сугд барои омузиши муфассали имкониятхои хамкори дар сохаи харид ва логистика ба мувофика расиданд.
Чонибхо омодагии худро барои амиктар намудани робитахои кори, ташкили истехсолоти муштарак ва тавсеаи содирот аз Точикистон тасдик намуданд.
АКСХО: Макомоти ичроияи хокимияти давлатии Вилояти Сугд