Душанбе, 10 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Соли 2026 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе — озмуни шаҳрии зебоӣ Miss Dushanbe – 2026 баргузор мешавад. Қарори дахлдорро Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расонидааст. Дар ин бора дар шабакаи расмии Telegram-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт хабар дода мешавад.

Тавре зикр мегардад, баргузории озмун ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, ки ба ин чорабинӣ на танҳо хусусияти фарҳангиву фароғатӣ, балки мазмуни рамзии иҷтимоӣ низ мебахшад. Дар шаҳрдорӣ таъкид менамоянд, ки ин иқдом ҳамчун ҷузъи маҷмӯи ташаббусҳои фарҳангиву маърифатӣ барои ташаккули муҳити мусбати ҷамъиятӣ дар пойтахт арзёбӣ мегардад.
Мувофиқи иттилои расмӣ, ҳадафи баргузории Miss Dushanbe – 2026 ҳифз ва тарғиби арзишҳои давлатӣ ва миллӣ, муаррифии либоси миллӣ, боло бурдани завқи эстетикӣ, рушди соҳаи мӯд, ошкор ва дастгирии чеҳраҳои нав, ҳамчунин баланд бардоштани фарҳанги ҳаёти шаҳрӣ мебошад.
Дар ҳамин замина, озмун на танҳо ҳамчун мусобиқаи анъанавии зебоӣ, балки ҳамчун майдони муаррифии ҳувияти фарҳангӣ, сабки миллӣ ва тамоюлҳои муосири эстетикаи шаҳрӣ муаррифӣ мегардад. Солҳои охир чунин чорабиниҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ ҳарчи бештар ҳамчун абзори «нерӯи нарм» дар сиёсати фарҳангии дохилӣ ва ташаккули симои пойтахт мавриди истифода қарор мегиранд.
Ба андешаи коршиносон, рушди соҳаҳои креативӣ ва индустрияи мӯд дар шаҳрҳои бузурги Осиёи Марказӣ як ҷузъи муҳими стратегияи навсозии муҳити шаҳрӣ ба шумор меравад. Дар ин замина, Miss Dushanbe – 2026 метавонад ба пешбурди тарроҳон, услубшиносон ва намояндагони касбҳои эҷодӣ мусоидат намуда, ҷавононро ба лоиҳаҳои фарҳангӣ ҷалб намояд.
Дар айни ҳол, ҷузъиёти иловагӣ вобаста ба формати баргузорӣ, шартҳои иштирок ва ҳайати ҳакамон эълон нашудааст. Интизор меравад, ки маълумоти муфассал дар марҳилаҳои баъдӣ расман пешниҳод гардад.
АКС: Telegram-канали мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
