Мохворахои чини дар мадори атрофи мох бомуваффакият кор намуданд
Мохворахои чини DRO-A ва DRO-B бомуваффакият ба мадори дурдасти ретроградии атрофи мох баромаданд ва бо вучуди мушкилоти хангоми парвоз ба вучуд омада, пайваста кор мекунанд. Дар ин бора нашрияи SpaceNews бо истинод ба академияи илмхои Чин хабар дод. Харду дастгох дар холати кори карор доранд ва вазифахои худро ичро мекунанд.
Пештар, 14 март, мушаки чини Long March 2B мохворахоро партоб намуд, аммо онхо ба мадори накшави нарафтанд. Тибки маълумоти ТАСС, сабаби эхтимолии вайроншави метавонад кори блоки афзояндаи мушак бошад. Бо вучуди ин, бо ислохи гузаронидашуда, мохворахо бомуваффакият ба мадори атрофи мох расиданд ва ба кор шуруъ намуданд.
Аксхо: Pixabay.com / qimono