МОСКВА, 27 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Русия аз тахкики таркишхои лулахои гази “Мачрои Шимоли” дар Олмон изхори норозиги намуд.
Дар ин бора Ичрокунандаи вазифаи намояндаи доимии ФР дар назди СММ Дмитрий Полянский дар арафаи чаласаи Шурои Амният, ки Москва бо сабаби тул кашидани раванд ташаббус намудааст, изхор дошт.

Ба гуфтаи дипломат, чараёни тафтишот саволхои чиддиро ба миён меорад:” он дар самти нодуруст рушд мекунад”, Дар холе, ки Русияро дар бораи натичахо ва хулосахои миёна огох намекунанд.
Полянский таъкид намуд, ки вазъият дар атрофи саботаж мухим аст, аммо чунин ба назар мерасад, ки тафтишот касдан ба як тараф кашида мешавад.
Москва ба шаффофият ва истиклолияти тафтишот исрор мекунад ва кайд мекунад, ки вайрон намудани лулахои газ на танхо ба амнияти энергетикии Русия, балки ба манфиатхои Аврупо дар мачмуъ таъсир расонд.
Ёдовар мешавем, ки мохи сентябри соли 2022 дар риштахои “Мачрои шимоли” ва “Мачрои шимоли-2” таркишхо рух дода, ба харобихои чидди оварда расонданд.
Макомоти Олмон, Дания ва Шветсия тафтишотро огоз намуданд, аммо то хол натичахои нихои пешниход нанамудаанд.
Москва борхо изхор доштааст, ки иштироки он дар тафтишот манъ намуда шудааст ва даъват мекунад, ки мурофиаи байналмилали тахти сарпарастии СММ баргузор намуда шавад.
Аксхо: AP