МОСКВА, 06 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Русия ба Исроил дар робита ба ходисае, ки санаи 30 июл дар наздикии Ерусалим рух дод, намоиши расми фиристод.

Тавре, ки намояндаи расмии ВКХ ФР Мария Захарова хабар дод, дар нохияи шахраки исроилии Гиват-Асаф ба мошини хидматии кормандони намояндагии Русия дар назди маъмурияти миллии Фаластин як гурухи сокинон хамла намуданд.
Мошин, ки ракамхои дипломати дошт, ба осеби механики дучор шуд ва худи дипломатхо тахдидхоро ба унвони худ шуниданд.
Дар Москва бетаъсири низомиёни исроили, ки дар чои ходиса хузур доштанд, аммо кушиш нанамуданд, ки хамлагаронро боздоранд, хашми хоса ба бор овард.
Захарова таъкид намуд, ки ин ходиса аз чониби Русия хамчун вайронкунии шадиди конвенсияи Вена дар соли 1961 барраси мешавад, ки давлати кабулкунандаро вазифадор мекунад, ки амнияти намояндагихои дипломатии хоричиро таъмин кунад. Чониби Русия умедвор аст, ки Тел-Авив дар посух ба ин ходиса чорахои зарури меандешад.
Аксхо: depositphotos / eabff