Москва, 08 июли соли 2025 – АИ «Караван инфо». Русия як кадами дигар ба суи тахкими мехвари иттифокчиён дар доираи Созмони Ахдномаи амнияти дастачамъи (СААД) гузошт.
Президент Владимир Путин конунро дар бораи тасдики протоколхо ба созишномахое, ки транзит ва муваккатан дар каламрави якдигар карор доштани кушунхо ва техникаи кишвархои иштирокчиро танзим мекунанд, имзо намуд.
Пештар хуччатхо аз чониби думаи Давлати кабул намуда шуда, аз чониби Шурои Федерасия тасдик намуда шуда буданд.

Сухан на танхо дар бораи формализми техники меравад. Ин як боби нав дар хамкории низоми ва сиёсии шаш давлат аст: Русия, Белоруссия, Казокистон, Киргизистон, Точикистон ва шартан Арманистон, ки ин дафъа дар зери санаде, ки хануз 28 ноябри соли 2024 дар Остона имзо шуда буд, имзо нагузоштааст.
Дар протоколхои нав на танхо такмилхои расми инъикос ёфтаанд, масалан, иваз намудани зикри “аскарони дохилии шурави” ба сохторхои муосир, ба монанди гвардияи Милли ё полис.
Мухим он аст, ки механизмхои дакики амали СААД дар шароити бухронхо мукаррар намуда шудаанд. Аз ин ба баъд, “вазъияти бухрони” ба хама гуна тахаввулоти руйдодхое, ки ба субот, амният, тамомияти арзи ё сохибихтиёрии яке аз кишвархои иттиход тахдид мекунанд, фахмида мешавад. Ин таърифи васеъ як навъ сигнал ба ракибони эхтимоли аст: иттифокчиён омодаанд, ки якчоя ва бе таъхир амал кунанд.
Яке аз нуктахои асоси логистика мебошад. Тибки протокол, хангоми пайдо шудани тачовуз карор дар бораи харакати кушунхо бояд дар давоми як шабонаруз кабул намуда шавад.
Кишваре, ки аз он колоннахо бо сарбозон ва техника мегузаранд, ухдадор мешавад, ки ба онхо транзити бемамониат ва ройгон, аз чумла истифодаи инфрасохтор, чойгиркуни, мухофизат ва хатто пур намудани хавопаймохоро таъмин кунад.
Агар пештар чунин амалхо аксар вакт аз монеахои бюрократики ва таназзули дохили вобаста буданд, акнун тартиби дакик ва катъии хамкори хуччатгузори шудааст.
Дар асл, на танхо иттифоки оинномави, балки системаи ягонаи вокуниши дастачамъи, ки зуд кор мекунад, таъсис дода мешавад. Ва бигзор Арманистон то хол дар канор монад дигар иштирокчиён таъкид мекунанд: иттиход дар пой аст ва омода аст аъзои худро химоя кунад.
Ин танхо як созишномаи низоми нест. Ин унсури меъмории бузурги сиёсии авруосиё мебошад, ки дар он амнияти дастачамъи механизмхои вокеиро ба даст меорад. Дар давраи нооромихои чахони чунин амалхо ба як навъ сугуртаи бесарусомони табдил меёбанд ва ба чахон хотиррасон мекунанд, ки фазои СААД ба тахдидхои беруна бечавоб намемонад.
Аксхо аз манбаъхои кушода