Душанбе, 29 декабр, 2025 – АИ «Корвон Иттилоот». Ҳамкории Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ марҳалаи нави ҳамоҳангсозии институтсионалӣ ва технологиро аз сар мегузаронад. Маскав ва Душанбе тадбирҳои пайгиронаро ҷиҳати соддасозии расмиёти ҳуқуқии шуғли қонунии муҳоҷирон амалӣ намуда, ҳамзамон шаффофият ва идорашавии равандҳои муҳоҷиратиро тақвият мебахшанд.

Тавре Сафири Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорьев дар мусоҳиба бо РИА Новости изҳор дошт, ҳамкории ду кишвар дар соҳаи муҳоҷират хусусияти фарогир ва бисёрсатҳаро дорад. Ин ҳамкорӣ ҳам дар формати дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои байналмилалӣ — пеш аз ҳама ИДМ ва СААД, аз ҷумла шӯроҳо ва комиссияҳои соҳавӣ, ба роҳ монда мешавад.
Ба гуфтаи дипломати рус, яке аз унсурҳои муҳими ҳамкории муштарак баргузории чорабиниҳои минтақавӣ, аз ҷумла амалиёти солонаи СААД таҳти унвони «Нелегал» мебошад, ки ба пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ равона шудааст. Ҳамзамон ҳамкории амалӣ тавассути гурӯҳҳои кории муштараки байниидоравӣ ва созишномаҳои байниҳукуматии амалкунанда, ки масъалаҳои меҳнат ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандонро танзим мекунанд, рушд меёбад.
Семён Григорьев таъкид намуд, ки ҷониби Русия пайваста низоми танзими муҳоҷиратро такмил дода, роҳҳалҳои рақамиро ҷорӣ мекунад. Ин иқдомҳо ба содда гардидани расмиёти ҳуқуқии шуғли шаҳрвандони хориҷӣ, коҳиши монеаҳои маъмурӣ ва баланд бардоштани шаффофияти равандҳои муҳоҷиратӣ мусоидат менамоянд. Ба гуфтаи ӯ, чунин абзорҳо ба мақомоти давлатӣ имкон медиҳанд, ки ҷараёнҳои муҳоҷиратиро самаранок таҳлил намуда, қарорҳои асоснокро дар манфиати амният ва суботи иҷтимоӣ қабул намоянд.
Дар ҳамин замина, Русия сиёсати муҳоҷиратии худро дифференсиатсия мекунад. Қаблан тасмим гирифта шуд, ки расмиёти кӯчбандӣ барои муҳоҷирони болаёқат ва дорои тахассуси баланд содда карда шавад. Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонд, ки мақоми махсуси ҳуқуқиро барои шаҳрвандони хориҷие пешбинӣ мекунад, ки дастовард ва таҷрибаи касбии онҳо барои кишвар арзишманд аст.
Ин тартиби нав аз 15 апрели соли 2026 мавриди амал қарор гирифта, раванди гирифтани иҷозатномаи иқомат ва шуғли қонуниро барои гурӯҳҳои ҳадафноки муҳоҷирон ва аъзои оилаҳои онҳо ба таври назаррас осон мегардонад. Ба андешаи коршиносон, чунин тадбирҳо талоши Русияро ҷиҳати ташаккули сиёсати муҳоҷиратии чандир ва мақсаднок, мутобиқ ба ниёзҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инъикос мекунанд.
Барои Тоҷикистон, ки қисми қобили таваҷҷуҳи аҳолии қобили меҳнаташ дар хориҷ фаъолият мекунад, таҳкими ҳамоҳангсозӣ бо Русия дар соҳаи муҳоҷират аҳамияти стратегӣ дорад. Соддасозии механизмҳои қонунии шуғл хатари кори ғайрирасмиро коҳиш дода, сатҳи ҳифзи ҳуқуқии муҳоҷиронро баланд мебардорад ва ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба мусоидат мекунад.
АКС: «Российская газета»
