Муҳокимаи байналмилалӣ ва мубодилаи таҷриба: сафари профессорони Академияи тиббии Ҷанубии Қазоқистон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон – ИА Караван Инфо
Муҳокимаи байналмилалӣ ва мубодилаи таҷриба: сафари профессорони Академияи тиббии Ҷанубии Қазоқистон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон

Душанбе, 14 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар доираи татбиқи барномаи мобилияти академӣ ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ, Муассисаи давлатии таҳсилоти олии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» (ДДТТ) ҳайати  олимони пешқадам аз Академияи тиббии Ҷанубии Қазоқистонро  (АТҶҚ) ба ҳузур пазируфт.

Бо сафари расмӣ ба донишгоҳе мо устодони гиромӣ аз Қазоқистон ташриф оварданд: Анарбаева Р.М., номзади илмҳои фармасевтӣ, профессор кафедраи технологияи доруворӣ ва фармакогнозия; ва Орынбасарова К.К., мудири Маркази илмӣ-таҳқиқотии фармасевтӣ, номзади илмҳои фармасевтӣ, профессори кафедраи технологияи доруворӣ ва фармакогнозия. Ҳузури мутахассисони сатҳи баланд имкониятҳои нав барои мубодилаи таҷрибаи илмӣ ва педагогиро байни муассисаҳои таълимии мо фароҳам меорад.

Барномаи сафари онҳо бо гузаронидани лексияҳо, семинарҳо ва дарсҳои амалӣ барои донишҷӯёни факултаи фармасевтӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни дарсҳо меҳмонон методикаҳои муосирро дар соҳаи технологияҳои доруворӣ муаррифӣ намуда, донишҷӯёнро бо навовариҳои охирин дар фармакогнозия ва равишҳои пешрафта дар таҳлили сифатии доруворӣ ошно намуданд. Ҳангоми ҷаласаҳо ба малакаҳои амалии зарурӣ барои фаъолияти ояндаи фармасевтҳо диққати махсус дода шуд, ки ин имкон медиҳад дониши назариявӣ бо технологияҳои муосири истеҳсол ва назорати сифат комилан ҳамоҳанг гардад.

Дар вохӯриҳо бо ҳайати профессорону омӯзгорон масоили рушди илм дар донишгоҳ, густариши иқтидори тадқиқотӣ ва ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ ва лоиҳаҳои муштарак баррасӣ шуданд. Мутахассисони (АТҶҚ) таҷрибаи ташкил намудани лабораторияҳои илмӣ-тадқиқотиро, методикаҳои гузаронидани таҷрибаҳо ва равишҳои нашри натиҷаҳои илмиро дар маҷаллаҳои байналмилалӣ ба нақл гирифтанд.

Ҳамкории муштарак заминаи заруриро барои банақшагирии таҳқиқоти дарозмуддат, ки ба таҳияи дорувориҳои нав ва баланд бардоштани сифати таълим дар соҳаи фармасевтӣ равона шудаанд, фароҳам меорад.

Ин гуна сафари коршиносон нуфузи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро ҳамчун майдони байналмилалии кушод барои рушди илм ва таҳсилоти тиббӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ тақвият мебахшад. Онҳо мубодилаи таҷриба, ворид намудани технологияҳои нави таълимӣ ва таҳқиқотӣ ва густариши имкониятҳои мобилияти академиро барои донишҷӯён ва омӯзгорон таъмин мекунанд.

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба ҳамкорони худ аз Академияи тиббии Ҷанубии Қазоқистон барои ҳамкории самаранок изҳори сипос намуда, ба тақвияти минбаъдаи муносибатҳои ҳамкорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии мутахассисони ояндаи соҳаи фармасевтӣ итминон баён мекунад.

АКС: Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

error: