Муколамаи боз дар Бохтар: Бонки ҷаҳонӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ афзалиятҳои Стратегияи солҳои 2026–2031-ро баррасӣ кард – ИА Караван Инфо
Муколамаи боз дар Бохтар: Бонки ҷаҳонӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ афзалиятҳои Стратегияи солҳои 2026–2031-ро баррасӣ кард

Душанбе, 13 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Бохтар мулоқоти машваратии Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии вилояти Хатлон баргузор гардид. Ин чорабинӣ дар доираи таҳияи Стратегияи нави ҳамкорӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2031 сурат гирифт — санаде, ки самтҳои асосии шарикӣ барои шаш соли ояндаро муайян хоҳад кард.

Мулоқот дар фазои муколамаи озоду созанда баргузор шуда, иштирокчиён атрофи афзалиятҳои рушди кишвар мубодилаи афкор анҷом доданд. Дар меҳвари баҳс масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, густариши иштироки ҷомеа дар қабули қарорҳо, рақамикунонӣ, навсозии инфрасохтор ва ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ қарор доштанд.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба зарурати равиши фарогир таъкид намуда, аз баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ то фароҳам овардани муҳити мусоид барои соҳибкорӣ ва навовариро ҳамчун самтҳои калидӣ арзёбӣ карданд. Ҳамзамон, масъалаи таҳкими механизмҳои шаффофият ва иштироки фаъолонаи ҷомеа дар татбиқи барномаҳои рушд низ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт.

Чунин машваратҳои минтақавӣ имкон медиҳанд, ки вижагиҳои маҳаллӣ ба инобат гирифта шуда, пешниҳодҳое, ки аз сатҳи ҷомеа иброз мегарданд, дар ҳуҷҷати стратегии ниҳоӣ ҷой дода шаванд. Ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба раванди банақшагирӣ ҳамчун омили муҳими баланд бардоштани самаранокии лоиҳаҳои оянда арзёбӣ мешавад.

Дар анҷоми мулоқот ба ҳамаи иштирокчиён барои мавқеи фаъол ва пешниҳодҳои созанда, ки дар таҳияи Стратегияи нави ҳамкорӣ барои солҳои 2026–2031 ба назар гирифта хоҳанд шуд, изҳори сипос баён гардид.

АКС: Намояндагии Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ

error: