Мулоқот бо бонувони тоҷики муқими дар Ню Йорк – ИА Караван Инфо
Мулоқот бо бонувони тоҷики муқими дар Ню Йорк

Душанбе, 12 март, – АИ «Корвон Иттилоот». 10 марти соли 2026 дар Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ мулоқоти Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода бо бонувони тоҷики муқими Ню Йорк ва гирду атрофи он баргузор гардид.

Мулоқоти мазкур дар доираи сафари ҳайати кишвар ба Ню Йорк ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан (CSW-70) барпо шуд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба таҳкими робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ, баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, дастгирии ташаббусҳои бонувон ва ҷалби онҳо ба рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиён андешаҳои худро доир ба таҳкими ҳамкорӣ, дастгирии занону духтарон, рушди маориф ва имкониятҳои ҳамкорӣ миёни бонувони тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар иброз доштанд.

Ҳамзамон, иштироккунандагон ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас дастрас намуданд. Раиси Кумита таъкид намуд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии кишвари мо ба ҳисоб меравад.

Дар ин замина барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати иштироки фаъолонаи занон дар идоракунии давлатӣ, соҳибкорӣ, илм, маориф ва дигар бахшҳои ҳаёти ҷомеа тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида истодаанд. Ҳамчунин қайд гардид, ки бонувони тоҷик, новобаста аз макони зист, метавонанд бо ташаббус ва фаъолияти созандаи худ дар муаррифии фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон саҳми назаррас гузоранд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид

error: