Душанбе, 27 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Ҷумҳурии Башқирдистон вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшох Гулмахмадзода бо намояндагони диаспораи тоҷикон, донишҷӯён ва роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии ҳамватанон, ки дар минтақа ва дар маҷмӯъ дар ҳавзаи федералии Приволжск зиндагӣ мекунанд, баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқоти муфассал роҳбари намояндагии дипломатӣ нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишварро шарҳ дода, самтҳои афзалиятноки фаъолиятро дар доираи омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуд.
Таъкид гардид, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомали Рахмон соли 2026 «Соли тавсеаи ободонӣ ва созандагӣ, таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ» эълон шудааст. Дар ин замина, нақши ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун ҳомилони фарҳанг ва муаррифгарони симои воқеии давлат муҳим арзёбӣ гардид.
Диққати махсус ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ равона шуд. Сафир зарурати риояи қатъии қонунгузории кишвари иқоматро таъкид намуда, аз тағйиру иловаҳои мунтазам дар соҳаи муҳоҷират ёдовар гардид. Ба роҳбарони диаспораҳо тавсия дода шуд, ки ба шаҳрвандон дар мутобиқшавӣ ба меъёрҳои нави ҳуқуқӣ мусоидат карда, кӯмаки машваратӣ ва ҳуқуқӣ расонанд.
Ҳамзамон, масъалаҳои кори иттилоотиву фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зарурати боз ҳам фаъолтар муаррифӣ намудани дастовардҳои илму фарҳанг, баргузории чорабиниҳои илмӣ ва фарҳангӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон таъкид шуд.

Дар заминаи таъмини амният масъалаҳои мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм, пешгирии нашъамандӣ ва ҷалби ҷавонон ба ҳаракатҳои тундрав муҳокима гардиданд. Таъкид шуд, ки тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин ҳифзи мероси таърихӣ яке аз вазифаҳои муҳими давлат, ҷомеа ва оила мебошад.
Дар анҷоми мулоқот иштирокчиён доир ба масъалаҳои марбут ба расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар ҷанбаҳои иқомат дар Федератсияи Русия саволҳо пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд. Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Уфа Сафир ҳамчунин аз Маркази минтақавии идоракунии Ҷумҳурии Башқирдистон боздид карда, бо низоми ягонаи иттилоотӣ ва механизмҳои рақамии назорат аз болои татбиқи қарорҳои стратегӣ шинос гардид.
Акс: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия
