Душанбе, 10 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Федератсияи Русия тағйиру иловаҳо ба қонунгузории муҳоҷиратӣ омода мешаванд, ки ба тартиби гузаштани муоинаи тиббии шаҳрвандони хориҷӣ марбутанд. Дар ин бора раиси Думаи давлатии РФ Вячеслав Володин дар канали Telegram-и худ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ин пешниҳодҳо ба такмили сиёсати муҳоҷиратӣ ва тақвияти назорат аз болои ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвар равона шудаанд.
Тағйири асосӣ — кам кардани муҳлати ҳатмии гузаштани муоинаи тиббӣ барои шаҳрвандони хориҷиест, ки ба Русия барои беш аз се моҳ меоянд. Агар қаблан барои ин 90 рӯз дода мешуд, минбаъд ин муҳлат то 30 рӯз коҳиш меёбад.
Муаллифони ташаббус бар ин назаранд, ки чунин тадбир имкон медиҳад хавфҳои эҳтимолӣ барои тандурустии ҷамъиятӣ зудтар ошкор шаванд.
Қисми дигари тағйирот ба мубодилаи иттилоот байни сохторҳо дахл дорад.
Пешниҳод мешавад, ки муассисаҳои тиббӣ:
- маълумот дар бораи хулосаҳои тиббии додашударо ба ВКД (МВД) Русия ирсол намоянд;
- дар ҳолати ошкор шудани бемориҳои сироятӣ маълумотро ба Роспотребнадзор фиристанд.
Ин чорабинӣ, тибқи шарҳи расмӣ, бо мақсади депортатсияи фаврӣ амалӣ карда мешавад.
Тағйирот ҳамчунин ҷавобгарии ҳуқуқиро шадидтар мекунад:
- барои саркашӣ аз гузаштани муоинаи тиббӣ ҷавобгарии маъмурӣ, ҷарима ва эҳтимоли хориҷкунӣ бо қарори суд пешбинӣ мешавад;
- барои қалбакӣ кардани ҳуҷҷатҳои тиббӣ дар бораи набудани бемориҳои хавфнок ва муомилоти онҳо ҷавобгарии ҷиноятии шадидтар муқаррар мегардад.
Вячеслав Володин таъкид кард, ки ин тадбирҳо ба тақвияти амнияти ҷамъиятӣ нигаронда шудаанд.
Ҳамзамон бояд қайд кард, ки қаблан Русия ва Тоҷикистон тартиби гузаштани муоинаи тиббиро барои муҳоҷирони меҳнатӣ содда карда буданд. Акнун шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд муоинаи тиббиро дар Душанбе пеш аз сафар гузаранд ва такрори он дар Русия талаб карда намешавад.
Ҳамин тариқ, ташаббусҳои нави Думаи давлатӣ сиёсати муҳоҷиратии мутавозинро инъикос мекунанд: назорати сахттар дар баробари соддасозии расмиёт барои кишварҳои шарик.
Акс: РИА Новости
