Муовини сарвазири Точикистон бо вазъи хочагии кишлоки Нохияи Шахринав шинос шуд – ИА Караван Инфо
Муовини сарвазири Точикистон бо вазъи хочагии кишлоки Нохияи Шахринав шинос шуд

Санаи 8 апрел муовини Сарвазири Чумхурии Точикистон Сулаймон Зиёзода бо гурухи кори ба нохияи Шахринав ташриф овард, ки дар он чо бо вазъи кишоварзи шинос шуд ва дар раванди кишти пахта дар хочагихои дехкони иштирок намуд.

Тибки маълумоти масъулони бахши кишоварзии нохия, дар хочагихои дехконии махалли тибки накша кишти пахта дар майдони 10 гектар амали намуда мешавад. Раванди кишт бо риояи меъерхои агротехники гузаронида мешавад.

Хангоми шиносои бо вазъи кишоварзи муовини Сарвазири Чумхурии Точикистон ба парвариши богхо, коркард ва гизодихии дарахтони мевадиханда диккати махсус дод. Гурухи кори инчунин бо парвариш ва рушди картошка дар хочагихои дехкони дар Чамоати Акрам Хасанов шинос шуд, ки дар он усулхои амалии коркарди байни каторхо ва гизодихии картошка нишон дода шуданд.

Мехмонон инчунин, бо вазъи парвариши пиёз ва сабзавоти барвакти, ки дар гармхонахо, бахусус помидор ва бодиринг парвариш намуда мешаванд, шинос шуданд ва ба коргарони Чамоат барои сахмгузори дар таъмини амнияти озукавории кишвар ва таъмини бозори истеъмоли бо махсулоти зарури изхори сипос намуданд.

Муовини Сарвазири Точикистон Сулаймон Зийозода дар сухбат бо масъулони сохаи кишоварзи ахамияти рушди минбаъдаи бахш, истифодаи окилона ва истифодаи самараноки захирахои замин, инчунин риояи меъерхои агротехники ва агробиологиро барои ноил шудан ба амнияти озукавори кайд намуд.

АКСХО: Макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохияи Шахринав

error: