Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон сафири Эронро қабул намуд
Остона, 5 марти соли 2026-АИ «Караван инфо». Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Алибек Бакаев сафири Эрон Али Акбар Ҷоукарро қабул намуд. Ҷонибҳо дар бораи вазъи кунунии Ховари Миёна мубодилаи афкор намуданд.

Илова бар ин, масъалаҳои ҳамкории қазоқистону эронро муҳокима намуданд ва ӯҳдадории татбиқи созишномаҳоеро, ки дар натиҷаи гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ ба даст оварда шудаанд, тасдиқ намуданд.
Аксҳо: ВКХ ҶҚ
