Оркестри симфонии давлатии Казокистон «Казакконсерт» дар яке аз сахнахои бонуфузтарини Аврупо дар толори консертии чех «Рудолфинум» бо муваффакияти калон баромад намуд.

Консерти мусикидорони Казокистони бо максади мустахкам намудани робитахои фарханги байни Казокистон ва Чехия ташкил намуда шуд. Тамошобинон тавонистанд аз шедеврхои мусикии классикии казок ва чахони дар ичрои мусикидорони баландихтисос бахра баранд.
Оркестри симфонии давлатии Казокистон, ки бо ташаббуси скрипкачии машхури Чахони Айман Мусахаджаева таъсис ёфтааст, мусикидорони болаёкатро, ки дорои техникаи виртуози ва фахмиши амики асархои мусики мебошанд, муттахид мекунад. Оркестр дар саросари чахон фаъолона гастрол мекунад ва фарханги Казокистонро дар сатхи оли намояндаги мекунад.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти Вазорати фарханг ва иттилооти ЧК